Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасаллияти Амрико аз суқути ҳавопаймои эронӣ


ИМА ба аҳли хонаводаи қурбониёни суқути таёраи ширкати "Ҳавопаймои Каспий", ки дар қисмати шимолуғарби Эрон рух дода боиси кушта шудани 168 нафар гардид, изҳори тасаллият кардааст. Таёраи "Ҳавоипаймои Каспий" аз Теҳрон ба самти Ереван ҳаракат мекард, ки дар дақиқаҳои аввали баъди тарки фурудгоҳ карданаш дар наздикии шаҳри Қазвин ба замин сарозер шуд. ИМА бо Эрон равобити дипломатӣ надорад, аммо нияти ба даст овардани дили мардуми ин кишварро доард, то ки Теҳронро барои шурӯи музокироти ҳастаӣ водор кунад.
XS
SM
MD
LG