Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии фармондеҳи НАТО аз амнияти Афғонистон


Як фармондеҳони нирӯҳои НАТО дар Афғонистон аз болоравии ноамниҳо дар ғарбу шимоли ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Генерали артиш Стенлӣ Маккристал дар шимол аз вилояти Қундуз ва дар ғарб аз Бодғизу Фараҳ ба ҳайси маконе ном бурд, ки дар онҳо таҷаммӯи хеле зиёди шӯришиён мушоҳида мешавад. Маккристал афзуд, ки барои муқобила бо ин зуҳурот иқдомоти бештари амниятии афғонҳо ва ҳукумат зарур аст. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо дод, ки моҳи ҷорӣ шумори нирӯҳои хориҷии дар Афғонистон кушташуда назар ба ҳама моҳҳои дигар дар ин ҳашт соли ҷанг бештар буда то имрӯз 46 нафарро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG