Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми Рамазон Қодиров барои куштори Эстемирова


Як созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодировро дар ҳодисаи рабоишу куштори як фаъоли номдори ҳуқуқи инсон муттаҳам кард. Наталя Эстемирова, ки бо созмони "Мемориал" дар амри сабту қайди мавридҳои азияту озори полис дар Чеченистон ҳамкорӣ мекард, субҳи чоршанбе дар шаҳри Грознии Чеченистон рабуда шуда баъди чанд соат ҷасади вай дар Ингушистони ҳамсоя ошкор шуд. Олег Орлов, раҳбари "Мемориал" дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар куштори Эстемирова Рамазон Қодировро муттаҳам кард. Вай гуфт:

"Раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров аз корҳои Наталя Эстемирова шахсан хеле нороҳат буд. Рамазон Қодиров ӯро дар мулоқоти рӯбарӯ шахсан таҳдид кардааст. Ӯ баъдан дар ин бора худаш нақл карда буд. Вай гуфта буд: "Дастони ман дар хун олуда аст, ин рост аст ва ман аз ин чиз шарм намекунам. Ман одамҳои бадро мекуштам ва мо дар оянда ҳам ин корро идома хоҳем дод. Ва баъди ин изҳорот ӯ Наталя Эстемироваро таҳқир ва таҳдид кардааст".

Дар ҳамин ҳол, дар нақли қавл аз Қодиров Интерфакс гуфтааст, ки масъулини ин куштори ваҳшатнок бояд бо шадидтарин шева ҳамчун содиркунандаҳори ҷинояти хеле вазнин муҷозот шаванд.
XS
SM
MD
LG