Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти суқути ҳавопаймо дар Қазвин


Маҳалли суқути ҳавопаймо

Маҳалли суқути ҳавопаймо

Ҳавопаймои ТУ-154-и ширкати Caspian Airlines, ки аз Теҳрон ба Ереван парвоз мекард, 16 дақиқа баъд аз парвоз дар канори деҳаи Ҷаннатободи шаҳри Қазвин суқут кард.

Дар ин фоҷиа 153 мусофир ва 15 сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилоъи ахиран дастрасшуда, фоҷиа асосан ба риштаи умри шаҳрвандони Эрон, аз ҷумла, 31 эронии арманитабор, ва ҳамчунин 4 шаҳрванди Арманистон ва 2 гурҷӣ миқроз задааст. Феълан наҷотбахшон дар ҷустуҷӯи “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймоянд, то ки тавассути онҳо сабабҳои ногаҳон ба замин сарозер шудани ҳавопайморо рушан кунанд. Ва аммо шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки чанд лаҳза пеш аз суқут яке аз муҳаррикҳои ТУ-154 оташ гирифта буд.

Шурӯъ аз соли 2000-ум дар Эрон беш аз 10 ҳодисаи суқути ҳавопаймоҳо рух додааст. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо бар асари кӯҳнаву фарсуда будани таҷҳизоти техникии ҳавопаймоҳо ба вуқӯъ пайвастаанд – бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ Теҳрон имкони харидории таҷҳизоти нав аз кишварҳои ғарбиро надорад.

Ҳавопаймои ТУ-154, ки ахиран суқут кард, дар миёнаҳои солҳои 80-ум сохта шудааст. Ва зимнан, нахустин ҳавопаймои суқуткардаи Caspian Airlines, ширкати муштараки русиву эронист, ки соли 1992 таъсис шуда ва дар ихтиёраш ҳамагӣ ҳавопаймоҳои ТУ-154 дошт. Арлен Довудиён, намоядаи ширкат гуфт, ки ҳавопаймои суқуткарда санҷиши фанниро гузашта буд ва ҳамаи ҳавопаймоҳо, афзуд ӯ, “баъд аз 300 соати парвоз мавриди санҷиш қарор мегиранд”.

Масъуд Муҳоҷир, хабарнигори муқими Теҳрон низ дар сӯҳбат бо Радиои Фардо дар робита ба фоҷиаи ахир гуфт, ки “кӯҳнагии ҳавопаймо наметавонад сабаби суқути ҳавопаймо бошад”.

Мақомоти эронӣ дар гузашта аз он шиква мекарданд, ки таҳримҳои Ғарб дар роҳи харидории таҷҳизоти муосир барои ҳавопаймоҳои кишвар монеъаи ҷиддӣ эҷод кардааст. Ва аммо гуфта мешавад, ки ин иддао ба ҳавопаймоҳои ширкати Caspian Airlines дахл надорад, зеро ин ширкат ба таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо дар Русия дастрасии комил дошт.

Серж Саркисиён, раисиҷумҳури Арманистон дар пайи ин фоҷиа сафари хориҷии худро лағв карда, ба Ереван баргашт ва 16 июлро дар кишвар рӯзи мотам эълон кард. Тибқи хабарҳо, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз масъулини вазорати роҳу нақлиёти кишвар хостааст, ки сабабҳои вуқӯъи ин фоҷиаро мушаххас намоянд.

Iran plane crash
XS
SM
MD
LG