Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон хостори музокирот бо ҳукумат шуданд


Дар Нигерия ошубгарон аз гурӯҳи “Ҳаракати озодибахши резишгоҳи рудхонаи Нигер” эълом доштанд, ки тайи ду моҳи оянда аз ҳамла ба муассисаҳои нафтии кишвар даст мебардоранд. Онҳо ҳамчунин аз ҳукумат даъвати сари мизи музокирот нишастан кардаанд. Тасмим дар ин бора аз сӯи ин гурӯҳ баъди он гирифта шуд, ки ҳукумат раҳбари ошубгарон Ҳенрӣ Окахаро аз маҳбас озод кард. Содироти нафт дар иқтисоди Нигерия нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ ҳукумат аз пешниҳоди ошубгарон барои музокирот хуш истиқбол намуд.
XS
SM
MD
LG