Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котиби давлатии ИМ Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки кишвараш ҳамоно хоҳишманди муколама бо Эрон боқӣ мемонад.

Изҳороти хонум Клинтон зимни суханрониаш дар пажӯҳишгоҳи Шӯрои равобити хориҷӣ дар Вошингтон садо дод.

Ӯ аз ҷумла, гуфт: “На раисиҷумҳури Амрико ва на ман аз муколама бо Ҷумҳурии Исломии Эрон орзуҳои иҷронашаванда надорем. Касе замонат дода наметавонад, ки ин музокирот муваффақ хоҳад шуд. Бо гузашти чанд ҳафта аз анҷоми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар он кишвар интизориҳои мо тағйир ёфт. Вале мо аҳамияти пешниҳоди мушорикат бо Эронро дарк мекунем ва ба раҳбарони он кишвар интихоберо пешниҳод кардем, ки ё онҳо чун узви масъул ба ҷомеаи байналмилалӣ мепайванданд ё ин ки ба роҳи пешгирифтаи инзивои шадидтар идома медиҳанд. Музокироти мустақим беҳтарин василаи муаррифӣ ва тавзеҳи ин интихоб аст.”

Қаблан Теҳрон кишварҳои Ғарб ва Амрикоро дар мудохила ба умури дохилии Эрон ва ангезиши хушунатҳои интихоботӣ айбдор карда буд.

Вошингтон ин иттиҳомотро қатъиян рад кард ва Барак Обама дар ин робита гуфта буд, ки рӯйдодҳои Эрон Амрикоро сахт нигарон мекунад ва Теҳрон бояд ба ин нигарониҳо посухи муносиб диҳад ва Иёлоти Муттаҳида таҳаввулот дар ин кишварро пайгирӣ хоҳад кард.

Раиси парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ ҳафтаи гузашта Амрикоро дар он айбдор карда буд, ки гуё ба Исроил иҷозат додааст то ба Теҳрон ҳамла кунад. Ин изҳороти Лориҷонӣ дар посух ба мусоҳибаи телевизионии муовини раисиҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден садо дод, ки гуфта буд Исроил давлати мустақил аст ва дар мавриди анҷоми ҳамла тасмимҳои мустақилона мегирад.

Аммо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Ян Келлӣ ҳадсзаниҳоро, ки гӯё Байден ба исроилиҳо “иҷозат” додааст ба Эрон ҳамла оварад, бепоя номид. Ӯ изҳор намуд, ки Амрико ба ягон хел амалиёти низомӣ иҷоза доданӣ нест.

Ин дар ҳолест ки дар Страсбург, вазири корҳои хориҷии Шветсия Карл Билд гуфт, хушунатҳои интихоботии Эрон робитаҳо бо Теҳронро бениҳоят печидатар кардааст. Билд ки кишвараш раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, афзуд Эрон барои пайдо намудани роҳи ҳалли дипломатии мушкили барномаи баҳбарангези ҳастаиаш бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ на бештар аз чанд моҳ фурсат дорад.

Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико зимни суханронӣ дар пажӯҳишгоҳи Шӯрои равобити хориҷӣ дар Вошингтон гуфт, ки ИМ барои дифоъ аз манфиатҳои худ ва муқобила бо чолишҳои байналмилалӣ аз “нерӯи ақлонӣ” истифода хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки Вошингтон алоқаманди арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар ҳама кишварҳои олам боқи мемонад. Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад тирамоҳи соли равон аз Русия ва Покистон дидан кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG