Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни нооромиҳо аз пиндор бештар аст


Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни нооромиҳо дар Эрон дар моҳи гузашта хело бештар аз арқоми расмист. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари эътирозҳои мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Ва аммо созмони “Маъракаи байнулмилалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон” изҳор намуд, ки фақат рӯзи 20 июн ба бемористонҳои Теҳрон дасти кам 34 ҷасади қурбониён интиқол дода шудааст. Ҳафтаи гузашта, Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳам гуфта буд, ки бар асари саркӯбшавии намоишҳои эътирозӣ аз сӯи ҳукумат тақрибан 100 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG