Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон рӯзе се сарбози хориҷӣ кушта мешавад


Талафоти ҷонии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар моҳи равон – бузургтарин аз оғози амалиёти зиддитеррор дар соли 2001-ум маҳсуб мешавад. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии НАТО, аз оғози моҳ то имрӯз 46 низомии нерӯҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, 24 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Ба ҳисоби миёна рӯзе дар Афғонистон се сарбози эътилоф кушта мешавад, ки ин гуна талафот фақат дар сангинтарин моҳҳои ҷанг дар Ироқ мушоҳида мешуд.
Дар ҳамин ҳол раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё Ричард Даннатт хостори афзоиши теъдоди нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон шуд. Сарвазири Бритониё Гордон Браун бошад, дар навбати худ, изҳор намуд, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ваъда кардааст, ки ба вилояти Ҳилманд нерӯҳои иловагии артиши афғонро фиристад. Дар ин вилояти ҷанубии Афғонистон амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” идома дорад ва тайи ду ҳафтаи ин амалиёт, аз ҷумла, 15 низомии бритониёвӣ кушта шудаанд ва Лондон тайъид кард, ки акнун теъдоди қурбониёни ҷанг дар Афғонистон назар ба теъдоди кушташудагон дар ҷанги Ироқ бештар аст.
XS
SM
MD
LG