Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз суқути ТУ-154 касе ҷон ба саломат набурдааст


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки аз суқути ҳавопаймои ТУ-154 касе ҷон ба саломат набурдааст. Дар ин фоҷиа 168 сарнишину мусофирони ҳавопаймои ширкати Caspian Airlines, ки аз Теҳрон ба Ереван парвоз мекард, ба ҳалокат расидаанд. Ҳавопаймо 16 дақиқа баъд аз парвоз дар канори деҳаи Ҷаннатободи шаҳри Қазвин ба замин сарозер шуд. Таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо шурӯъ шудааст. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки ҳавопаймо ҳанӯз дар осмон оташ гирифта буд.
Тибқи иттилоъи ахиран дастрасшуда, дар ин фоҷиа асосан шаҳрвандони Эрон, аз ҷумла, 31 эронии арманитабор ва ҳамчунин 4 шаҳрванди Арманистон ва 2 гурҷӣ ҷон бохтаанд. Имрӯз дар Арманистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG