Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти ризқу рӯзӣ аз дарахти зардолу


Таътили тобистонаи фарзандони хонаводаҳои деҳқон умдатан дар замину киштзорҳо барои иҷрои корҳои хоҷагӣ дар назди бобову волидонашон мегузарад.

Абдураҳмони 16 сола хурдтарин узви як хонаводаи суғдист ки таътили тобистонаро бо ҷамъоварӣ ва хушк кардани зардолу сипарӣ мекунад.
Онҳо агар бори моро ба 50 дирам харанд. ба ивази 1сомонӣ мефурӯшанд ки як соли дароз зери офтоби тасфон кор кардани мо ҳам баробару дар онҷо нишаста фурӯхтани онҳоям...

Вай мегӯяд, таҷрибаи ғании бобояш дар ҷодаи зардолупарварӣ шавқи ӯро ба ин пеша дучанд кардааст ва ӯ низ қариб тарзу усули хушкарди зардолуро аз худ намудааст.

«Барои зардолуро бо сифати баланд хушк кардан онро дар руи фарше ки чор тарафи онро медоранд, меафшонем баъдан аз тарӣ нигоҳ доштан онро бо салафан печонида барои таркиби зардолуҳо вайрон нашудан онҳоро бо моддаи сулфурӣ буғ медиҳем»

Абдураҳмон мегӯяд, ҳамсинфонаш аз оилаҳои доро дар фароғатгоҳҳо истироҳат мекунанд, аммо барои ӯ таътил бо бобову волидонаш писанд аст: "Ман ба сари дарахти зардолу баромада онҳоро оҳиста дар рӯи фарш меафшонам, ғайр аз ин барои заминҳо, дарахтон об мемонам. Барои ҷобаҷогузории қуттии зардолуҳо низ кӯмак мекунам. Ман дар коре ки якҷоя бо бобоям анҷом медиҳем ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос намекунам."

Ҷӯрабой-амаки 60-сола - бобои Абдураҳмон мегуяд, зардолупарвари барои оилааш ҳунари меросӣ буда, аз он шод аст, ки набераҳояш шавқи омӯзиши ин навъи деҳқониро доранд. Аммо вай шикоят аз обу ҳаво кард: "Тағйирёбии боду ҳавои имсола борои сифати боланди зардолу зарар расонд барои он ки дар зардолуҳо доғҳои ҳархела пайдо шудаанд, ки нисбат ба солҳои пешин сифаташ каме паст рафт. Сабаби дигар ин ки дар вақти хукш намудани зардолу ин бороришот ҳам бе таъсир намонд."

Амаки Ҷӯрабой бо 8 узви хонаводааш, иборат аз кампиру фарзанд ва чор наберааш ба парвариши зардолу машғуланд. Хонаводаи ӯ дар майдони наздик ба як ҳектор ба парвариш ва аз навъҳои беҳтарини зардолу, ба мисли «Қандак», «Бобоӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ» ки ба қавли мутахассисин, 24 фоиз дар таркибашон ширинӣ доранд ва чун маводи тиббӣ барои амрози қалбӣ зиёд истифода мекунанд.

Амаки Ҷӯрабой мегӯяд, мушкили умдаи дигар барои деҳқонро аз набуди ҷой дар бозор маънидод кард, Ӯ мегуяд гурӯҳҳое дар бозорҳои Суғд пайдо шудаанд, ки нони деҳқонро кашида гирифта, ба хости худ ба тиҷорат мезананд.

"Дар бозор танҳо одамоне савдо карда метавонанд, ки ҷойҳоро харида гирифтаанд, бинобар ҳамин ягон деҳқони асил имрӯз дар бозор нишаста молашро фурухта наметавонад. Онҳо агар бори моро ба 50 дирам харанд. ба ивази 1сомонӣ мефурӯшанд ки як соли дароз зери офтоби тасфон кор кардани мо ҳам баробару дар онҷо нишаста фурӯхтани онҳоям."

Ахиран раисиҷумҳур Эмомали Раҳмон ба ҳангоми боздид аз вилояти Суғд ба масъулини вилоят дастур дод, ки ҳудуди 20 ҳазор ҳектар замин барои соҳаи зардолупарварӣ барои ташкили боғҳо ҷудо карда шавад.

Амаки Ҷӯрабой шукр мекунад, ки рӯзии худу фарзандонашро бо чунин роҳи ҳалол пайдо мекунад ва мегӯяд, аз Худованд умедвор аст, ки фарзанду наберагонаш низ мисли ӯ зиндагӣ хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG