Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Ингушетия кушта шудааст


Имрӯз ҷасади Наталия Естемирова-яке аз фаъолони машҳури ҳуқуқи башари Русияро дар Ингушетия пайдо карданд.
Мадина Ҳоҷиева -сухангӯи вазорати дохилаи Чеченистон гуфтааст, ҷасади Естемирова дар наздикии шаҳри Назран пайдо шудааст ва дар сари вай пайи ду захм дида мешавад. Ҳоҷиева ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, "дақиқ" аст, ки Естемироваро куштаанд. Вайро субҳи имрӯз дар Грозний-маркази Чеченистон рабуда буданд.

XS
SM
MD
LG