Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран дар Бритониё пурсиши ҷолибе анҷом шудааст, ки дар бораи намояндаҳои машғулияту касбҳои хандонтарини ин кишвар маълумот медиҳад.

Тавре маълум мешавад, ҷои аввалро котибаҳо касб кардаанд, ки вазифадор будаанд ба рӯи ҳар як муштариву меҳмони раҳбари худ табассум кунанд. Ҷои дуюм насиби кормандони риштаи савдо ва сеюм аз омӯзгорону муаллимон шудааст.

Аз чӣ бошад, аммо ронандаҳои таксӣ дар ин, ба қавле "ханда-паради"-и ҷомеашиносони бритониёӣ ҷои охирро касб кардаанд. Шояд сабабаш ин бошад, ки назар ба дигар касбу машғулиятҳо таксиронҳо дар ҷараёни кор бештар аз ҳолу аҳвол, мушкилоти зиндагӣ шикоят мекардаанд.

Барои мо ҷолиб буд, ки бифаҳмем, оё дар Тоҷикистон дар чеҳраи кӣ табассуму хушҳолии бештар ҳувайдо асту мизони хушбахтии мардум аз чӣ иборат мебошад. Тавре аз сӯҳбатҳои мусоҳибон ва мушоҳидаҳои равоншиносони тоҷик бармеояд, мизони хушбахтӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои вижаи худро дорад.

Хушҳолтарин шахс дар Точикистон


Дар Тоҷикистон ин шабу рӯз пурхандатарин шахс шояд модаре бошад, ки хабари сиҳҳатманду солим будани фарзандашро аз роҳи дур телефонӣ дарёфт карда ва ё баъди ҳиҷрати чандинмоҳа ҷигарбандашро солиму хушбахт дубора дар хона мебинад.

Саидаи Фазл, як чунин модарест, ки мегӯяд, чанд рӯзи пеш писари 19-солааш баъди чандин моҳи кор аз Ярославли Русия баргашту ӯ ҳамон лаҳза дарк кард, ки ин хушбахттарину шодмонтарин лаҳзаи ҳаёташ будааст.

Хонум Саида лаҳзаи аз дар даромадани писарашро чунин нақл кард, ки «аз омаданаш сахт ба эҳсосот омадам. Фикр кардам, ки ӯро дида беҳуш мешавам, аммо писари хурдиву бародарам маро ба гап гирифтанд ва вақте писарам даромада омад, аз ҳуш нарафта ҳам бошам, вале маро эҳсосоте фаро гирифт, ки гуфтанашаванда аст".

Хонум Саида мегӯяд, ки дар баробари хурсандӣ ӯро эҳсоси ифтихор ҳам фаро гирифтааст, чунки акнун писараш бо пулҳои ҷамъовардаи худ имкони ба донишгоҳ дохил шуданро ба даст овард.

Мизони хушбахтӣ, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, нисбӣ буда, барои ҳар кас ҳар ранг аст: тоҷир аз даромади хуби рӯз хурсанд мешаваду корафтода аз ҳалли мушкили сахташ, нафари бекор аз хабари хуши пайдо шудани шуғле ва маъюбе аз имконияти нишастан ба як чорчархаи муносибе хушҳол мешавад.

Хонае, ки аз он ҳама хурсанду хандон мераванд


Фирӯза Зокирова, момодояи таваллудхонаи рақами якуми пойтахт, мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоте чанд аммо ҳар рӯз дар кори худ лаҳзаҳои шодиву хурсандии зиёдро таҷриба мекунад.

Вай мегӯяд, "ҳар рӯз дар таваллудхонаи мо 15-20 кӯдак ба дунё меояд. Вақтҳои охир бештар писар таваллуд мешавад. Ҳоло дар мо он заноне бештар таваллуд мекунанд, ки шавҳаронашон дар чунин лаҳзаҳои ширин дар Русия мардикорӣ мекунанд ва ин занҳо дар ҳузури модару хешу ақрабои дигари худ таваллуд мекунанд. Ҳар зан, албатта, мехоҳад, ки вақте фарзанди онҳо ба дунё чашм кушода садо мебарорад, дар наздаш шавҳараш ҳузур дошта бошад. Албатта бисёриҳо дар ингуна ҳолатҳо ғамгин мешаванд, вале бо шунидани овози кӯдак боз хурсандӣ мекунанд".

Хонум Фирӯза мегӯяд, ки аз хушбахтии муштариёнаш худ нирӯи мусбат мегирад, аз масъулият ва кори хуби анҷомдодааш илҳом гирифта бо ҳамин табъи хуш ба хона, назди фарзандонаш бармегардад ва ҳамин рӯҳияашро баъдан дар миёни аҳли хонавода паҳн мекунад.

Аслан, тавре равоншиносони ғарбӣ таҳқиқ кардаанд, нирӯи хушбахтиву хурсандӣ, муҳаббат ба инсон ва қаноматмандӣ аз зиндагӣ чунон қавиву созанда аст, ки ҳама саддҳои сахти ҳаётро шикаста бар ноумедиву дилсардиҳо пирӯз мешавад. Ба ин андеша аст зани дигари тоҷик, ки ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам имрӯз тавонистааст бо ҳунари дӯзандагиву соҳибкории худ фаъолияти як корхонаи хурдро пурсамару пурмаҳсул ба роҳ монад.

Хонум Файзимоҳ Иброҳимова, раҳбари ширкати "Суман"-ро имрӯз дар беморхона дарёфтем, ки мегӯяд, барои як муоинаи тиббӣ бистарӣ шудааст, аммо дар ин ҳолат низ табъи хушу болидаро аз даст намедиҳад.

Вай гуфт, "дар ин дунё чӣ қадар вақт аст барои инсон, ки мо гирёну нолон бошем? Инсон ҳама вақт мехоҳад, ки дар як умри кӯтоҳаш фақат хушу хурсанд зиндагӣ кунад, дар канори фарзандонаш, ёру дӯстонаш ба сар барад. Дунё арзиши инро надорад, ки ғами бисёр хӯрӣ. Нағз хӯрдан, нағз пӯшидан ва нағз кор кардан даркор аст".

Хонум Файзимоҳ мегӯяд, ки аз даврони ҷавонӣ ҳамин чизро барои худ хуб дарк кардааст, ки бояд рӯзро бо чеҳраи бозу хандон оғоз карда ба ҳар меҳмони хонаву кор бо табассум муносибат кард. Дар он сурат рӯҳияи хуб ба шумо дубора аз роҳҳои дигар бармегардад, гуфт ӯ.

Тоҷирҳои тоҷик бештар механданд


Аслан аз назари ҷомеашиносони тоҷик, меъёри хурсандиву омилҳои хандаву хушбахтӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон як чизи хосест, ки бештар ба фалсафаи миллӣ, ҳикмати мардумиву суннатҳо ва шукргузорӣ ба зиндагӣ вобаста аст. Солҳои охири пурмушкил мардум аммо ҳамоно одат доранд аз оддитарин шароити зиндагӣ мисли дастрасӣ ба газу обу барқ, як бурда нону хонаву дари бутуни худ, фарзандони солиму барӯмандашон шукр гӯянд.

Аз ҷомеашинос Музаффар Олимов пурсидам, оё аз назари вай дар Тоҷикистон кадом бахши мардум - мақомот, соҳибкорон, милиса, духтурҳо, бекорон, аҳли савдо - хулоса киро бештар бо чеҳраи хандону боз дидан мумкин аст. Ӯ аз рӯи мушоҳидаҳои шахсии худ гуфт, ки "он нафароне, ки фурӯшанда ё тоҷир ҳастанд. Онҳо вазифадор ҳам ҳастанд, ки моле, ки доранд, он ба фурӯш равад". Вай афзуд, ки ҳамин хоҳиши фурӯши бештари мол тоҷиронро хушмуомилаву хушрафтор мекунад.

Аз рӯи баъзе, ба қавле рейтингҳои байнулмилалӣ, исми Тоҷикистон бо вуҷуди нишондодҳои пасти зиндагӣ ва пешрафтҳои ночизи иқтисодиаш аммо дар миёни кишварҳое зикр мешавад, ки мардуми он назар ба бисёр давлатҳои дигар хушбахттару аз зиндагӣ розӣ ҳастанд, онҳо одат доранд барои хурдтарин хабару падидаи нек шодӣ кунанду ин хурсандии худро бо ҳамсояву наздикону азизонашон тақсим кунанд.

Як мушоҳидаи дигари муқоисавии равоншиносон ин аст, ки сирри хушбахтии мардуми тоҷик дар табиатан худбину худхоҳ набудани ин мардум аст. Масалан, занон дар Тоҷикистон кам андар кам ба саволи "хушбахтии шумо дар чист?" аз муваффақияти шахсиву пешрафтҳои хусусии худ лаб кушоянд: маъмулан онҳо шукри шавҳару фарзанд мекунанду дар охирин лаҳза дар бораи худ фикр мекунанд.

Аз сӯе, мегӯянд табибон, ҳамин азхудгузаштагиву бахшояндагӣ барои рафъи мушкилоти зиёде, ки хоси масалан ҷомеаҳои аврупоиву ғарбӣ мебошад, мусоидат мекунад. Чунки мегӯянд, хурсандӣ мисли офтоб аст - онро бо доман пӯшида намешавад, он, ба маънои хубаш, мисли сироятест, ки аз як нафар ба нафари дигар гузашта бисёриҳоро асар мекунад ва дар ниҳоят, аз хабари хубе як не, чанд кас ҳамзамон баҳра мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG