Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштараки Амрикову Гурҷистон оғоз шуд


Нируҳои дарёии Амрико ва марзбонони соҳилии Гурҷистон дар обҳои Баҳри Сиёҳ машқҳои муштараки низомиро оғоз кардаанд. Ин нахустин машқи муштараки низомӣ баъд аз ҷанги панҷрӯзаи Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 мебошад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин машқҳо аз киштии низомии Амрико, ки 14-ӯми июл дар бандари миёни Потӣ ва Батумӣ лангар андохт, ба обҳои соҳилӣ мушаки ҳидоятшавандаи амрикоӣ партоб шавад.
XS
SM
MD
LG