Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайкали тоҷиконаи Чингиз Айтматов


Шаҳриёр Мухторов, муҷассамасози тоҷик, дар соҳили Иссиқкӯл

Шаҳриёр Мухторов, муҷассамасози тоҷик, дар соҳили Иссиқкӯл

Муҷассамасозон дар соҳили дарёи Исиқкӯли Қирғизистон намоишгоҳи пайкараҳои Чингиз Айтматов ва осори ӯро баргузор карданд.

Маркази фарҳангии «Рух-Ордо»-и ба номи нависандаи маъруфи қирғиз тӯли 15 рӯз пур аз муҷассамаҳои зебо аз асарҳои нотакрори Чингиз Айтматов шуд. Дар ин марказ барои авалин бор симпозиюми муҷассамасозон баргузор шуд ва мавзуи ин симпозиум осори Чингиз Айтматов буд.

Дар ин симпозиюм Шаҳриёр Мухторов, муҷассамасози тоҷик, низ ширкат кард ва асари офаридаи вай аз рӯи асари «Киштии сафед»-и Чингиз Айтматов мавриди писанди ҳамагон қарор гирифт.

Муҷассамаи "Шино ба сӯи орзуҳои худ" дар соҳили Иссиқкӯл
Ин шоҳкории пайкарасози тоҷик аз рӯи асари «Киштии сафед» 1 метру 70 сантиметр баландӣ дорад ва иборат аз ҳайкали писараке дар киштии сафеди аз санги мармар аст. Писарак аз кӯҳе ба киштии сафед қадам мегузорад ва гӯё ба сӯи киштӣ парвоз мекунад.

Оқои Мухторов мегӯяд, «ман ин муҷасамаро «Шино ба сӯи орзуҳои худ» ном гузоштам, чунки қаҳрамони хурдсоли асар дар назди дарёи Исиқкӯл нишаста фикр мекард, ки ба киштии сафед нишинад ва ин кишти ӯро ба ҷойҳои дур бубарад”.

Дар маҷмӯъ дар симпозиюми муҷассамасозон дар Исиқкӯл 10 муҷассама аз асарҳои Чингиз Айтматов офарида шудааст ва ин муҷассамаҳо дар маркази фарҳангии Рух-Ордо ба номи Чингиз Айтматов боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG