Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони СММ Абхазияро тарк карданд


Ҳайати нозирони СММ Гурҷистонро тарк кард. Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Русия ба тамдиди ҳузури ин ҳайат вето гузошт. Яке аз аъзои ин ҳайат, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, 130 нафар нозирон имрӯз шаҳри Сухумӣ-маркази Абхазияро тарк кардаанд. Ин ҳайат аз соли 1994 ба ин сӯ баъд аз хатми ҷанги Гурҷистон бо Абхазия оташбасро дар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон назорат мекард.
XS
SM
MD
LG