Имрӯз як ҳавопаймои мусофирбари Эрон дар шимоли ғарби ин кишвар ба сонеҳа дучор шуд. Бими он меравад, ки ҳамаи 168 сарнишини ҳавопаймо кушта шудаанд. Телевизиони давлатӣ гуфтааст, ҳавопаймои мутталлиқ ба ширкати ҳавоии "Каспиан Эйрлайнз" аз Теҳрон ба Ереван-пойтахти Арманистон парвоз мекардааст ва дар наздикии шаҳри Қазвин сарнагун шудааст. Шоҳидони айнӣ мегуянд, ҳавопаймо баъд аз бархурд ба замин мунфаҷир шудааст.