Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе раҳбарони 4 кишвар мулоқот мекунанд


Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 29-ӯми июл дар Душанбе мулоқоти руасои ҷамоҳири Русия, Тоҷикистон ва Покистону Афғонистон баргузор мешавад. Дастури рӯзи мулоқоти чаҳоргона то ҳол эълон нашудааст, вале Давлат Назриев-сухунгӯи вазорат гуфт:

"Ҳамчунин дар ин вақт президенти Федерацияи Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон боздид ва дар ифтитоҳи ниругоҳи барқи обии Сангтуда-1 ширкат мекунад".

Дар зимн Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон аз Тоҷикистон боздиди расмӣ анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG