Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон иваз шуд


Хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ки фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иваз шудааст. Аз ин пойгоҳ дар гузашта лашкари 201 ё дивизияи 201 ном бурда мешуд. Ҳоло фармондеҳии ин пойгоҳро сарҳанги рус Игор Красин бар ӯҳда гирифтааст. РИА Новости менависад, дар ин бора Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия фармоне имзо кардааст. Сарҳанг Красин дар ин мақом генерал-майор Алексей Завизонро, ки аз соли 2006 фармондеҳии пойгоҳро бар ӯҳда дошт, иваз кардааст. Тибқи хабарҳо, ин пойгоҳ сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказиро таъмин ва ба марзбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон кӯмак мекунад. Пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа ҷузу томҳои худро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG