Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ: Хуни рехта бар ҳадар нахоҳад рафт.


Як сомонаи ислоҳталаб навиштааст, Мирҳуссейн Мусавӣ-раҳбари мухолифини давлати Эрон қавл додааст, ки хуни эътирозкунандагоне, ки дар тазоҳуроти баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Теҳрон рехта шуд, "бар ҳадар нахоҳад рафт". Мусавӣ ин сухунонро рӯзи сешанбе ҳангоме, ки бо занаш аз хонаводаи Сӯҳроб Аъробӣ боздид мекард, баён дошт. Сӯҳроб яке аз ононест, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Теҳрон кушта шудаанд. Алиризо Биҳиштӣ-яке аз муттаҳидони Мусавӣ аз қавли вай ба рӯзномаи "Сармоя" гуфтааст, Мусавӣ ба нақша гирифтааст, ки як ҷабҳаи сиёсӣ ташкил кунад. Мусавӣ 12-ӯми июн интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба Аҳмадинежод бохт.
XS
SM
MD
LG