Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон ва умед ба давраи гузор


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай умедвор аст, ки ҳамкории Амрико дар масъалаи Афғонистон баъд аз интихоботи моҳи август "давраи гузорро вориди маҷрои дигар мекунад". Вай афзуд:

"Агар мо битавонем дар моҳи сентябр ба натиҷаҳои хуби интихобот бирасем ва машқу тамрини нируҳои амниятии Афғонистонро идома диҳем ва онро бо масъалаи рушди иқтисодӣ дар дохили Афғонистон тавъам созем, дар он сурат умеди ман он аст, ки мо метавонем давраи гузорро дар самтҳои гуногун оғоз кунем".

Обама ин нукотро дар Кохи Сафед баъд аз мулоқоташ бо Ян Петер Балкенеде-нахуствазири Ҳолланд изҳор дошт.
XS
SM
MD
LG