Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасон хатари офатҳои табииро меомӯзанд


Дар литсеи Оғохон дар Хоруғ дар байни мактаббачагон озмуни зеҳнӣ барои огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз хатароти офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Дар он расм, шеър ва иншои хонандагони лаёқатманди 23 мактаби ноҳияи Шуғнон ва 10 осоишгоҳи минтақа дар мавзуи ҷилавгирӣ аз хатароти эҳтимолии офатҳои табиӣ муаррифӣ шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ шуданд.

Шаҳло Байдуллоева, роҳбари лоиҳаи «Ҷомеаи устувор дар муқобила бо офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ» ҳадафи баргузории озмунро мусоидат ба рушди интелектуалии хонандагон ва ба ин васила боло бурдани сатҳи огоҳӣ аз хатароти эҳтимолии офатҳои табиӣ дар байни насли наврас ва ҷавонон арзёбӣ намуд.

Ҳайдаршо Маъқулшоев, муаллифи расми беҳтарин, изҳор дошт, ки вай мавзӯъро барои эҷодиёташ аз ҳаёти воқеии кӯҳистон гирифтааст. Қаҳрамони асари Ҳайдаршо фарде ҳаст, ки алорағми ҳушдор ва маслиҳати ашхоси солманд дар ҷойи хатари эҳтимолии офат манзил бунёд кардааст.

Ва сели ногаҳони манзилро хароб намуда, аз он танҳо сарвари хонавода худро бадар сохтааст ва бо изҳори надомат ва пушаймонӣ аз талаф шудани аъзои дигари хонавода, ки бо айби худаш бинобар муроот нашудани чораи пешгирии хатар зери сел монданд, даст бар рӯй кашидааст.

Ба гуфтаи шоири ҷавон Мубориз Амонбеко, вай бештар ишқ ва зебоии диёрро тараннум мекунад, вале ҳарчанд қофияи шеър барои инъикоси мавзуи ҷилавгирӣ аз хатари эҳтимолӣ тангӣ кардааст, бо шеъри хеш вориди майдони озмун гардида, дар қатори ғолибон сазовори ҷоиза шудааст.

«Табиат забон дорад ва ин забонро омӯхтан лозим аст», омадаст дар иншои як хонанда. Ин хонанда аз забони сокинони кӯҳансоли деҳа таърихи офатҳои табиии маҳал, пайдарпайии сел ва тармарезӣ ва зарари расондаашонро ба мардум ва дар асоси мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо кор гирифтани сокинонро аз эҳтиёт дар мавриди бунёди манзил ва боғоту киштазорҳо ба риштаи тасвир кашидааст.

Нилуфар Раҳимова дар иншои хеш таҳти унвони «Ашки бобо» дар мисоли фоҷеаи деҳаи Бидурд, ки чанд сол қабл селоб дар он мунҷар ба ҳалокати хонаводаҳои зиёд шудааст, кӯшишҳои мардумро барои бо усули бунёди ҷангалзорҳо ва садди сунъӣ мусоидат кардан ба ҷилавгирӣ аз хатари эҳтимолӣ ва кам кардани оқибатҳои зарар инъикос намудааст.

Ба гуфтаи Давлат Саидмиров, намояндаи ситоди ҳолатҳои изтироии Бадахшон, минтақа аз ҳама бештар ба хатароти эҳтимолии офати табиӣ рӯ ба рӯ буда, парвариши фарҳанги огоҳӣ ва чигунагии рафтор дар ҳолатҳои фавқуллодаро дар зеҳни мардум муҳим мебошад.

Вай афзуд, ки алҳол дар Бадахшон зиёда аз 200 хонавода зери таҳдид хатари ҳамешагии офатҳои табиӣ ба сар мебаранд ва дар доираи иҷрои барномаи экологӣ 30 хонавода ва имсол интизор меравад , ки 48 хонаводаи дигар ба ҷойҳои бехафв кӯчонда шаванд.

Ба гуфтаи вай, сатҳи поини огаҳӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва бе ризоияти мутахассисони соҳаи геология ва ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз ҷониби мақомот ҷудо намудани хонаҷой ва мавҷудияти ҳодисаҳои ба таври худсарона бунёди манзил ва иншоот дар ҷойҳои хатарнок аз ҷониби шаҳрвандони боиси афзоиши муҳоҷирати экологӣ дар минтақа гардидааст.

Масъулини лоиҳаи ташкилоти «Фокус » изҳор доштанд, ки онҳо тасмим доранд, нишастҳои омӯзишии марбут ба огоҳ ва омода будан ба офатҳои табииро ба таври фарогир дар макотиби вилоят ва манотиқи дигари кишвар ба роҳ монанд ва барои дохил кардани он чун фанни алоҳида ба барномаи таълими ба Вазорати маориф пешниҳод ирсол кардаанд.
XS
SM
MD
LG