Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "5 ситора" моҳи октябр баргузор мешавад


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон хабар додааст, ки вақти баргузории озмуни "Панҷ ситора, Интервидение 2009" аз моҳи август ба моҳи октябр гузаронда шудааст. Ин озмун соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Тасмим дар бораи тағири вақти баргузорӣ дар мулоқоти ҳайатҳои ҷониби Тоҷикистон ва Русия гирифта шудааст ва гуфта мешавад, дар муқаррароти ин озмун тағирот пеш меояд. Тибқи ин тағирот созмондиҳандагон мехоҳанд дар озмун ҳунармадони кишварҳвои узви Созмони ҳамкории Шанхай низ ширкат кунанд. Барои интихоби намоянда ба онҳо дастикам ду моҳ вақт зарур аст.
XS
SM
MD
LG