Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 3 мард ба дор кашида шудаанд


Бино ба гузоришҳо, Эрон се мардро, ки ба қочоқи тарёку ҳероин муттаҳам дониста мешуд, ба дор кашидааст. Рӯзномаи "Эътимод" дар шумораи имрӯзи худ навиштааст, ки ин се мард рӯзи сешанбе дар зиндоне дар маркази шаҳри Исфаҳон ба дор кашида шудаанд. Соли ҷорӣ шумораи афроде, ки дар Эрон ба дор кашида шудаанд, ба 180 нафар расидааст. Дар соли 2008 ин шумора 246 нафарро ташкил мекард. Дар Эрон барои куштор, таҷовуз ба номус, дуздии мусаллаҳона, қочоқи маводи мухаддир ва зино ба қатл маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG