Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқот бо ширкати 72 шиновар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар ҳавзи шиноварии «Делфин»-и пойтахти кишвар тӯли ду рӯз идома кард.

Алишер Чингизов дар шинои озод ба масофаҳои 50 ва 100 метр, шинои парвонӣ ё баттерфляй ба масофаи 50 метр, инчунин, дар шинои чаҳоркаса ба масофаи 50 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Варзишгари дигари Тоҷикистон Катерина Измайлова дар шинои озод ба масофаҳои 50 ва 100 метр, шинои парвонӣ ё баттерфляй ба масофаи 50 метр, инчунин, шинои чаҳоркаса ба масофаи 50 метр байни занон соҳиби чаҳор медали тилло шуд. Вай ба радиои Озодӣ гуфт: «Ман аз синни шашсолагӣ ба шиноварӣ машғулам ва 24 сол аст, ки дар варзиш ҳастам. Ман аслан дар навъҳои шинои озод ба масофаҳои 50 ва 100 метр ҳунарнамоӣ мекунам. Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон мебошам ва дар Олимпиадаи Пекин дар шинои озод ба масофаи 50 метр байни занон ҳунарнамоӣ карда будам. Натиҷаи беҳтаринам дар шинои озод ба масофаи 50 метр 29 сония мебошад».

Ба андешаи Катерина Измайлова барои тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бунёди ҳавзи шиноварии 50-метра бо оби гарм зарур аст.

Дар навъҳои дигари рақобатҳо варзишгарони шаҳри Душанбе Файзалӣ Ҷунайдов, Дӯстмурод Саидвалиев ва Светлана Догадкина пирӯз гардиданд.

Ба иттилоъи сардовари ин мусобиқот Людмила Ляшенко чаҳор нафар беҳтарин шиноварони кишвар – Алишер Чингизов, Катерина Измайлова, Шералӣ Комилов ва Светлана Догадкина шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки 21-уми июл дар пойтахти Итолиё – шаҳри Рим шурӯъ мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG