Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брод аз сарнавишти норушани муҳоҷирон нигарон аст


Узви Палатаи ҷамъиятии Русия, ҳомии ҳуқуқи башар Александр Брод имрӯз бо намояндагони муҳоҷирине мулоқот хоҳад кард, ки бар асари баста шудани бозор дар минтақаи Черкизово бекор мондаанд. Дар як хабари Палатаи ҷамъиятӣ гуфта шудааст, Палата хостори музокирот миёни Хадамоти федеролии муҳоҷират ва Федератсияи муҳоҷирони Русия дар робита ба имкони қонунӣ гардонидани буду боши ин муҳоҷирон дар кишвар шудааст. Ба иттилоъи Федератсияи муҳоҷирони Русия, баъд аз баста шудани бозори минтақаи Черкизово 45 ҳазор нафар аз ҷойҳои кори доимии худ маҳрум шуданд.
Мири Маскав Юрий Лужков рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки бозор ба таври доимӣ баста шудааст ва ҳама хориҷиёне, ки он ҷо кор мекарданд, бояд пойтахти Русияро тарк намоянд. Қаблан кори бузургтарин бозори шаҳри Маскав бар асоси вазъи бади беҳдоштӣ ва осебпазир буданаш ба оташсӯзӣ аз сӯи додгоҳ барои 90 рӯз мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG