Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати генерали амрикоӣ аз Пхенян


ИМА ва Кореяи ҷанубӣ барои посух ба ҳама гуна ҳамла аз сӯи Кореяи Шимолӣ омодаанд. Дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Кореяи ҷанубӣ генерал Уолтер Шарп изҳорот пахш кард . Генерали амрикоӣ аз Пхенян даъват намуд, ки ба таҳдидҳо тавассути озмоишҳои мушакиву ҳастаӣ хотима бахшад ва ҳамчунин аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ даст бардорад.
Дар ҳамин ҳол дар бораи бад шудани вазъи сиҳати раҳбари Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея Ким Чен Ир хабарҳои ҳанӯз таъиднашуда мерасад. Кишварҳои ҳамсояи Кореяи Шимолӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки мубориза барои қудрат дар ин кишвар баъд аз сари Ким Чен Ир шояд боиси нооромиҳо дар минтақа гардад.
XS
SM
MD
LG