Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робия Қодир: уйғурҳо бо "Ал-Қоида" робита надоранд


Раҳбари Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо Робия Қодир иддао дар бораи робитаи ин ниҳод бо созмони “Ал-Қоида”-ро қатъан рад кард. Ӯ бо пахши як изҳорот иддаои ҳукумати Чин дар бораи равобити раҳбарони созмонҳои уйғурҳо бо гурӯҳҳои террористиро “дурӯғи маҳз” номид. Хонум Робия Қодир ҳамчунин истифодаи хушунат дар мубориза барои ҳуқуқҳои уйғурҳо дар Чинро ғайри қобили қабул хондааст. Раҳбари Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо дар гузашта 6 солро дар маҳбаси Чин сипарӣ карда буд.
Бар асари нооромиҳо ва саркӯбсозии тазоҳурот дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин, 184 нафар кушта шуданд. Тақрибан яку ним ҳазор нафар, асосан, уйғурҳо, бо иттиҳоми ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ то ҳол дар боздоштгоҳҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG