Пайвандҳои дастрасӣ

Паноҳандагон дубора ба Свот бармегарданд


Ҳазорон паноҳандагон ба манозили зисти худ дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бармегарданд. Ба иттилоъи низомиёни кишвар, фақат рӯзи гузашта беш аз 900 хонавода вориди минтақа шудааст. Рӯзи душанбе нахустин корвони мошинҳо аҳли 650 хонаводаро ба Свот оварда буд. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки онҳо мехоҳанд дар марҳалаи аввал 200 ҳазор нафареро, ки дар қароргоҳҳои паноҳандагон ба сар мебаранд, ба манзилҳяшон баргардонанд. Дар марҳалаи баъдӣ, интиқоли онҳое шурӯъ мешавад, ки аз ҷангҳо дар водии Свот фирор карда, дар дигар манотиқи Покистон, дар манзили пайвандонашон панаҳ бурдаанд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”, ки се моҳ идома дошт, бахши аъзами водии Свот аз мухолифини ҳукумат пок карда шудааст.
XS
SM
MD
LG