Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони овозхони эронӣ


Тибқи гузоришҳо, як овозхон ва оҳангсози эронӣ, ки ӯро ба Боб Дилан монанд мекунанд, аз ҷониби додгоҳе ғоибона ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст. Телевизиони англисизабони Press TV дар сайти интернетиаш навиштааст, ки як донишманди улумӣ исломӣ зидди Муҳсини Номҷӯ, ки бо наи миллӣ оҳангҳо иҷро мекардааст, барои тарзи иҷрои пораҳо аз китоби муқаддаси Қуръон ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ин донишманд, ки номаш бурда намешавад, оқои Номҷӯро барои "беэҳтиромиву тамасхури Қуръон" тавассути иҷрои пораҳои он дар асбоби инструменталӣ муттаҳам кардааст. Хабаргузории "Форс" дар нақли қавл аз қозии додгоҳ мегӯяд, ки оқои Номҷӯ дар паи як таҳқиқи иттиҳоми зидди вай гунаҳгор дониста шуд. Муҳсини Номҷӯ чанд моҳ пеш Эронро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG