Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радди эҳтимоли ҷанги нав дар Гурҷистон


Истиқбол аз киштии ҳарбии Амрико дар бандари Батумӣ, 14-уми июли соли 2009.

Истиқбол аз киштии ҳарбии Амрико дар бандари Батумӣ, 14-уми июли соли 2009.

Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, ки ҳамеша аз эҳтимоли ҳамлаи нави Русия ҳушдор медод, гуфт ягон ҷанги наве нахоҳад шуд.

Ин тағйир ҳамагӣ пас аз як ҳафтаи сафари президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Маскав ба миён омад. Оё метавон гуфт, Амрико ба Гурҷистон тазмин додааст, ки дар ҳолати ҷанги нав аз Тифлис пуштибонӣ хоҳад кард?
Мушаки стратегие имрӯз аз киштии зериобӣ партоб шуд. Партоб комёбона буд. Мушак ба ҳадаф расид...

Киштии ҷангии мушакбари Иёлоти Муттаҳида дар арафаи размоишҳои нави нерӯҳои Амрико ва Гурҷистон дар бандари Батумӣ лангар андохт. Қарор аст, ин машқҳо дар наздикии минтақаи ҷудоихоҳи Абхазистон ҷараён гиранд.

Як рӯз пеш аз ин, раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, дар аввалин сафари расмияш ба Осетияи Ҷанубӣ, минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон қаҳрамонвор пазироӣ шуд.

Медведев ваъда дод, ки кишвараш ба ин қаламрави хурдакак, ки истиқлолияти худро аз Тифлис эълон кардааст, кӯмакҳои бештари молӣ ва низомӣ хоҳад кард.

Аз ин ҷо вай ба Сочӣ сафар кард ва дар шаҳри олимпии оянда аз озмоиши комёбонаи мушаки нави Русия хабар дод, ки аз киштии зериобӣ партоб шудааст.

Медведев гуфт: "Мушаки стратегие имрӯз аз киштии зериобӣ партоб шуд. Партоб комёбона буд. Мушак ба ҳадаф расид."


Медведев ҳамчунин дар нутқе дар ҷамъомади низомиёни дарёӣ гуфт, "тамоми масъулияти ҷанги Осетияи Ҷанубӣ дар тобистони соли гузашта бар дӯши Тифлис аст ва мардуми Гурҷистон рӯзе барои ин ба режими Саакашвилӣ ҳукми сангин содир хоҳанд кард.

Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки Русия ва Гурҷистон гӯё дар остонаи як ҷанги нав қарор доранд, аммо ин як зоҳири фиребанда аст.

Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, ки моҳҳои дароз аз эҳтимоли ҳамлаи нави Русия ҳушдор медод, гуфт ин таҳдид дигар вуҷуд надорад.

Вай мегӯяд, ҳамаи барномаҳо ва орзуи онҳо, яъне тарафи Русия, аз ҳам пошид. "Ҷанге ки онҳо дар орзуяш ҳастанд, ба вуқӯъ нахоҳад пайваст ва ишғоли дигарбораи Гурҷистон барои онҳо бо сабаби воқеъияти нави геополитикӣ номумкин хоҳад буд."

"Воқеъияти нави геополитикӣ" аз нигоҳи давлатмардони Гурҷистон дар заминаи сафари президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Маскав ба миён омадааст ва ҳафтаи оянда ноиб-президенти Амрико, Ҷозеф Байден ба Тифлис сафар хоҳад кард.

Обама дар Маскав ба таври мӯътадил аз тамомияти арзии Гурҷистон ҳимоят кард, вале як мақоми аршади ин кишвар ба радиои Озодӣ гуфт, дар паси парда Обама ба Медведев ошкоро бар зидди ҷаҳни нав ҳушдор додааст.

Ин мақом, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, аз намояндагони Иёлоти Муттаҳида иттилоъ гирифтааст, ки Обама аз оқибатҳои хеле бади ҷанги нави Русия дар Гурҷистон ҳушдори шадид додааст ва гӯё гуфтааст, дар чунин ҷанги нав Вашингтон мисли соли гузашта, ба истилоф тамошобин нахоҳад буд.

Кохи Сафед ба дархостҳои радиои Озодӣ дар бобати тасдиқ ё рад кардани ин маълумот посух надод.

Лоуренсе Шитс, раиси намояндагии Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносон дар Тифлис, гуфт, шоҳиди тағйири назаррасе дар рӯҳияи давлатмардони гурҷӣ пас аз сафари маскавии Обама шудааст.

"Паёми асосӣ эҳтимолан ба Маскав расонда шуд, дар ин маврид шубҳае дар миён нест. Ин паём то ҳадде қавӣ ба назар мерасад, зеро мақомоти гурҷӣ якбора мутлақан мутмаин шудаанд, ки ин тобистон ҷанге рӯй нахоҳад дод."

Вале ин рӯҳия аз сафар ошкорои раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ба Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ карда натавонист. Дар нишасти хабарии муштарак бо раҳбари амалии ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, Эдуард Кокойтӣ, Медведев ӯро дилпур кард, ки Маскав на танҳо аз Осетияи Ҷанубӣ пуштибонӣ мекунад, балки ба бунёду бозсозии иқтисодиёти "давлати нав" камар хоҳад баст.

Раҳбари Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ дар нишасти сарон марбут ба лӯлаи гази Набукко дар Анкара, сафари Медведевро "бадахлоқона ва шармовар" номид.

Дар ин байн дар бандари Батумӣ киштии ҳарбии Амрикоро бо шаробу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд ва тамринҳои ҳарбии муштараки ду кишвар дар обҳои байни Батумиву Потӣ, бандари Абхазистони ҷудоихоҳ ҷараён хоҳанд ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG