Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Йежӣ Бузек президенти Парлумони Аврупо шуд


Парлумони Аврупо нахуствазири пешини Лаҳистон Йежӣ Бузекро президенти нави худ интихоб кард. Бузек аввалин вакил аз кишвари собиқи коммунистӣ аст, ки ба чунин вазифаи баланд пазируфта мешавад. Имрӯз аз саҳнаи баланди парлумони Аврупо дар Страсбург ӯ гуфт:

"Дар масоили аслӣ мо бояд ҳомии демократия бошем. Дар масоили маъмулии рӯз мардуми Аврупо аз мо, сиёсатмадорон, интизор доранд, ки аз бӯҳрон раҳо шуда ба зудтарин фурсат онро рафъ кунем".

Дар интихоботи ахир Бузек тавонист аз миёни 736 вакил раъйи мувофиқи 555 нафарро ба даст оварад. Ӯ 69-сол дошта дар солҳои 1997-2001 нахуствазири Лаҳистон будааст. Вай инчунин дар соли 1989 узви иттиҳодияи тиҷоратии демократии Лаҳистон буд, ки барои суқути ҳукумати коммунистӣ талош кардааст. Имрӯз зимни суханрониаш дар баробари парлумони Аврупо дар Страсбург Бузек гуфт:
XS
SM
MD
LG