Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чарлз Тейлор иттиҳомоти ҷиноёти ҷангиро рад кард


Раиси ҷумҳурии пешини Либерия Чарлз Тейлор имрӯз дар баробари додгоҳи ҷиноёти ҷангии Гаага ҳозир шуд ва гуфт, ки ҳама иттиҳомоти зидди вай "дурӯғ" аст. Вай гуфт:

"Хеле ва хеле таассуфангез аст, ки додгоҳ бо сабаби иттилои иштибоҳӣ, дурӯғӣ, фиребомез ва овозаҳо маро бо чунин иттиҳомот сифат додааст. Онҳо хоҳанд ё нахоҳанд, ман оне нестам, ки мегӯянд, ҳеҷ гоҳ набудам ва намешавам".

Дар муҳокимаи додгоҳӣ Тейлор 11 иттиҳоми зидди ӯ садододаро дар куштор, таҷовуз ба номус, ҷалби кӯдакон ба сарбозӣ, ғуломӣ, ғоратгариро дар замони ҷанги дохилии Сиерра Лионе дар байни солҳои 1991 то 2001 рад кардааст. Марҳилаи ҳимояти ӯ аз худ дар додгоҳи вижаи СММ барои Сиерра Лионе рӯзи душанбе оғоз ёфт. Вакилони Чарлз Тейлор пайваста таъкид мекунанд, ки ӯ ташаббускори сулҳ дар Сиерра Лионе будааст. Вай нахустин раҳбари як кишвари африқоӣ мебошад, ки дар трибунали низомии байналмилалӣ муҳокима мешавад. Интизор меравад, ки марҳилаи шаҳодати вай дар баробари додгоҳ ҳафтаҳо тӯл кашад.
XS
SM
MD
LG