Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нияти Русия барои бунёди пойгоҳи нави дарёӣ


Русия имрӯз гуфт, ки то соли 2016 пойгоҳи нави ин кишвар барои нирӯҳои дарёиаш дар баҳри Сиёҳ бунёд хоҳад шуд. Пойгоҳе дар Новороссийск ҷои пойгоҳи Севастополро дар Қрим хоҳад гирифт, ки бо талаби Украина бояд баста шавад. Беш аз бист сол пойгоҳи Севастопол барои нирӯҳои дарёии русҳо хизмат кардааст. Баъди соли 1991, ки Севастопол як бахши Украинаи соҳибистиқлол шуд, Киев дигар нахост мӯҳлати иҷораи ин пойгоҳро барои Маскав тамдид кунад. Ин қарордод то соли 2017 амал мекунад. Имрӯз раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев макони пойгоҳи навро аз назар гузаронд, ки феълан ҳамчун гузаргоҳи муҳими содироти нафт хизмат мекунад.
XS
SM
MD
LG