Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи дифои зиддимушакии Амрико ба Батумӣ омад


Имрӯз ба соҳили Батумии Гурҷистон шабакаи дифои зиддимушакии Амрико барои истифода дар машқҳои дарёӣ оварда шуд. Ин шабака дар ҷараёни тамринҳои низомии рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Вуруди ин мушак ба Гурҷистон ба нишони пуштибонӣ аз Тифлис баъди ҷанги порсолаи Гурҷистон бо Русия дар хоки Осетияи Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад. Алорағми мухолифатҳои Ғарб Русия соли гузашта баъди ҷанги панҷрӯзааш бо Гурҷистон ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт. Рӯзи душанбе раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев бо нахустин сафари расмӣ аз Осетияи Ҷанубӣ дидан кард, ки ин иқдоми Русияро мақомоти Гурҷистон ҳамчун як амали таҳрикомез танқид карданд.
XS
SM
MD
LG