Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми раводиди миёни Канада ва Чехия


Баъди он ки ҳукумати Канада дар нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех низоми раводид ҷорӣ кард, Прага сафири Чехия дар он кишварро барои анҷоми музокираҳо фаро хонд. Нахуствазир Ян Фишер инчунин гуфт, ки Ҷумҳурии Чех дар посух барои дипломатҳову мақомоти Канада раводид ҷорӣ карда талош хоҳад кард кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро низ ба пайравӣ аз ин иқдоми худ водор кунад. Вай гуфт:

"Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои сиёсии миёни ду кишвари демократӣ, дӯст ва муттафиқ Ҷумҳурии Чех ин иқдоми ҳукумати Канадаро ҳамчун иштибоҳ арзёбӣ мекунад. Ин тасмими ҳукумати Канада дар авҷи мавсими ҷаҳонгардӣ, дар замоне гирифта шуд, ки шумори хосторони дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар Канада назар ба моҳи май дар моҳи июн 25 дар сад коҳиш ёфтааст".

Вазири умури хориҷии Чехия Ян Коҳоут гуфт, ки сабаби ҷоришавии виза барои шаҳрвандони кишвараш аз ҷониби Оттава дар он аст, ки шумори хосторони дарёфти мақоми паноҳандагӣ аз Ҷумҳурии Чех дар Канада то рафт зиёд мешавад. Созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста Прагаро барои поймолшавии ҳуқуқи 250 ҳазор аққалияти лӯлитабор танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG