Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми 13 суннимазҳаб дар Эрон


Мақомоти Эрон 13 узви як гурӯҳи ошӯбгари суннимазҳабро, ки дар силсилаи ҳамлаҳо дар ҷанубушарқи Эрон айбдор шудаанд, эъдом карданд. Расонаҳои хабарии давлатӣ мегӯянд, ҳукми қатли 13 узви Ҷундуллоҳ ё Сарбозони Оллоҳ имрӯз дар маҳбаси Зоҳидон ба иҷро расид. Мақомот онҳоро дар қочоқи маводи мухаддир, куштор ва одамрабоӣ ва ҳамчунин тафриқаандозӣ миёни аксарияти шиъа ва ақаллияти суннии Эрон дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистону Покистон айбдор карданд. Ба гузориши Созмони Афви Байнулмилал соли гузашта Эрон аз рӯйи иҷрои ҳукми қатл дар ҷаҳон пас аз Чин ҷойи дувумро ишғол кард.
XS
SM
MD
LG