Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархбол ва ҳалокати 6 нафар дар Ҳилманд


Як чархбол, ки аз тарафи нерӯҳои байнулмилалӣ истифода мешудааст, дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон суқут кард. Сухангӯйи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, дар ин рӯйдод ба камияш шаш нафар кушта шудаанд ва ҳамаи онҳо ғайринизомӣ будаанд. Сабаби суқут маълум нест. Намояндаи Толибон гуфт, дар ҳамин минтақа як чархболи боркашро суқут додаанд. Як шоҳиди воқеа гуфтааст, чархбол пеш аз он ки фурӯ афтад, оташ гирифта буд. Вазорати дифоъи Итолиё мегӯяд, дар як ҳодисаи дигар -- таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Фараҳ имрӯз як сарбози итолиёӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG