Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо сипарӣ шудани ҳамагӣ нӯҳ моҳ аз оғози соли молӣ касри буҷаи Амрико барои нахустин бор беш аз 1 триллион долларро ташкил додааст.

Дар ҳоле, ки кишвар дар ҳолати бӯҳрони амиқи иқтисодӣ қарор дорад, бархе аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳукумат аз роҳи поин бурдани масрафҳои давлатӣ ва афзоиши молиёт шояд барои коҳиш додани камбуди буҷа талош кунад.

Вазорати молияи Амрико рӯзи душанбе гуфтааст, ки дар моҳи июн камбуди буҷа 94 миллиарду 300 миллион доллар афзуда, тақрибан 1 триллиону 100 миллиардро ташкил дод.

Таҳлилгарон сабаби аслии афзоиши камбуди буҷаро дар масрафҳои бесобиқаи ҳукумат барои муқобила бо бӯҳрони иқтисодиву молӣ мебинанд. Омили дигар, аз нигоҳи онҳо, коҳиши чашмраси молиёт ва масрафҳо барои ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон аст.

Таҳлилгарон сабаби аслии афзоиши камбуди буҷаро дар масрафҳои бесобиқаи ҳукумат барои муқобила бо бӯҳрони молӣ мебинанд. Омили дигар, аз нигоҳи онҳо, коҳиши чашмраси молиёт ва масрафҳо барои ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон аст...
Касри бузурги буҷаи Амрико қарздиҳандагони хориҷӣ, аз ҷумла Чинро асабонӣ кардааст ва ин шояд ба он биёварад, ки дар оянда ин кишварҳо аз додани қарз худдорӣ кунанд. Вазъи ба амал омада метавонад вазорати молияи Амрикоро барои боло бурдани нархи баҳраи қарзҳо ва ба ин васила ҷалб намудани сармоягузорон маҷбур созад.

Иқтисодшиноси пажӯҳишгоҳи улуми бозаргонии Донишгоҳи Калифорния Вон Сон мегӯяд, ки омори овардашуда воқеан нигаронкунанда аст. Ӯ афзуд, ки сармоягузорони хориҷӣ дар саросарӣ ҷаҳон на танҳо дар робита ба қиммати доллар, балки дар мавриди амнияти сармояҳояшон дар солҳои баъдӣ ҳам дар ташвишанд.

Масрафҳои ҳукумати Амрико дар ҳоле боло меравад, ки Вошингтон талош дорад алайҳи амиқтарин бӯҳрони молӣ аз замони “Афсурдагии бузург”и солҳои 1930-юм муқобила кунад ва сатҳи бекорӣ ба нишондоди рекордии 9 аз даҳ 5 дарсад расидааст.

Барои такон бахшидан ба иқтисод Конгресси Амрико аз ин пеш ихтисоси 700 миллиард доллар кумакҳои молӣ ва 787 миллиард доллар бастаи кумакҳои ангезишдиҳандаро ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол баъзе мақомдорони ҳукумати Обама мегӯянд, ки шояд ба хотири берун шудан аз бӯҳрони иқтисодӣ зарурати ҷудо кардани маблағи нав ба миён биёяд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва дигар мақомоти кишвар, аз ҷумла вазири молия Тимоти Гейтнер, мегӯянд, ки баъди раҳоии ИМА аз бӯҳрони иқтисодӣ ва молии кунунӣ, касри буҷаро коҳиш хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG