Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА номзадии Сотомайорро тасдиқ кард


Дар Сенати ИМА номзадии Сони Сотомайор ба мақоми додраси Додгоҳи Олӣ баррасӣ кард. Номзадии хонум Сотомайор аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешниҳод гардид ва ӯ нахустин намояндаи ҷомеъаи Амрикои Лотин мегардад, ки дар курсии додраси органи олии додгоҳии Амрико менишинад. Баррасии номзади Сони Сотомайор субҳи рӯзи душанбе шурӯъ шуд ва ӯ дирӯз ба суолҳои сенаторҳо посух гуфт. Бо вуҷуди мухолифати сенаторҳо аз ҳизби ҷумҳурихоҳ номзадии хонум Сотомайор аз сӯи Сенат пазируфта шуд ва ӯ ҳамчун нӯҳумин узви Додгоҳи Олии ИМА савганд ёд кард.
XS
SM
MD
LG