Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Саҳрои Кабир нерӯгоҳҳои офтобӣ бунёд мешаванд


Намояндагони чанд ширкати бузурги энерҷии Олмон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар як нишаст дар Мюнхен дар бораи шурӯъи таҳияи тарҳи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои офтобӣ дар биёбони Саҳрои Кабири Африқо хабар доданд. Ба гуфтаи муаллифон, татбиқи ин тарҳ, ки арзиши он 400 миллиард евро ҳисоб шудааст, имкон медиҳад, ки то соли 2020 дасти кам 15 дар сади ниёзмандиҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба нерӯи барқ бароварда шавад. Ин тарҳ ба коҳиши назарраси газҳои гулхонаӣ ба фазо низ мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, консорсиуме, ки дар нишасти Мюнхен таъсис шуд, тайи се соли оянда нақшаи комили сармоягузории тарҳи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Саҳрои Кабирро пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG