Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶБ хостори дастрасӣ ба воксин алайҳи H1N1 шуд


Ҷилавгирӣ аз пандемияи зукоми хук номумкин аст, аз ин рӯ ҳамаи кишварҳо бояд дастрасӣ ба воксини алайҳи ин маризиро таъмин кунанд. Изҳороти Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) дар ин бора имрӯз нашр шуд. Ба гуфтаи раиси бахши воксинҳои созмон Марие Паул Киенӣ, интизор меравад воксин алайҳи марзии зукоми хук моҳи сентябр дастрас шавад.
Тибқи иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба маризии зукоми хук ваё H1N1, ки бори аввал моҳи апрели соли равон дар Мексика хуруҷ карда буд, то имрӯз беш аз 90 ҳазор нафар мубтало шуда, бар асари он 429 нафар аз олам даргузаштаанд. Ҳодисаҳои мубталоӣ ба ин беморӣ дар даҳҳо кишварҳои олам сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG