Пайвандҳои дастрасӣ

Алиев: Қарабоғи кӯҳӣ ҳеҷ гоҳ мустақил нахоҳад шуд


Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор намуд, ки Қарабоғи кӯҳӣ ҳеҷ гоҳ кишвари мустақил нахоҳад шуд. Изҳороти ӯ зимни суханронияш дар мулоқот бо коршиносони масоили сиёсати беруна дар Лондон пахш шуд.
Ин дар ҳолест, ки Илҳом Алиев ва раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян бояд рӯзи ҷумъа дар Маскав барои баррасии мушкили Қарабоғи кӯҳӣ сари мизи музокирот нишинанд. Дипломатҳо изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин гуфтушунид сафҳаи наверо дар ҳалли низоъ дар Қарабоғи кӯҳӣ боз хоҳад кард. Музокироти миёни Боку ва Ереван дар мавриди ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ то ҳол ҳосиле бор наовардааст.
XS
SM
MD
LG