Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми 6 узви "Ал-Қоида" дар Яман


Дар Яман 6 узви созмони террористии “Ал-Қоида” ба эъдом маҳкум шуданд. Додгоҳ даҳ узви дигар ин созмонро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ даст доштани ин афрод дар ташкили чанд ҳамлаи террористӣ дар соли гузашта, аз ҷумла, дар ҳамла ба сафорати ИМА, ки мунҷар ба ҳалокати 19 нафар шуда буд ва куштори ду сайёҳ аз Белгия, собит шуд. Бештари маҳкумшудагон моҳи августи соли гузашта бар асари як амалиёти вижаи хадамоти иктишофии Яман боздошт шуда буданд. Дар он амалиёт раҳбари созмони “Ал-Қоида” дар Яман ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG