Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори беҳбуди муносибот бо Ӯзбакистон шуд


Имрӯз Виллям Бӯрнз-муовини вазири умури хориҷаи Амрико ба Ӯзбакистон гуфт, Вошингтон мехоҳад муносиботи худро бо ин кишвари Осиёи Марказӣ бақарор кунад. Муносиботи ин ду кишвар баъд аз мубоҳисоти соли 2005 дар бораи вазъи ҳуқуқи башар сард шуда буд. Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ барои ҳодисаҳои Андиҷон Ӯзбакистонро муттаҳам карданд. Оқои Бӯрнз ин нуктаро дар Тошканд қабл аз мулоқоташ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон изҳор дошт. Каримов гуфтааст, ин боздид нишонаи "таъйиди омодагии Амрико ба густариши муносиботи созандаву амалӣ бо Ӯзбакистон" аст.
XS
SM
MD
LG