Пайвандҳои дастрасӣ

ИА ба Афғонистон 100 нозири интихоботӣ мефиристад


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки барои назорат бар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳудуди 100 нозири худро ба Афғонистон мефиристад. Ин интихобот 20-ӯми август баргузор мешавад. Хонум Бенита Ферреро-Валднер-коммиссари равобити хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҳадафи нозирон ба даст овардани итминон аз интихоботи одилона дар шароити душвори амниятиву иҷтимоист. То ҳол гуфта нашудааст, ки оё ин нозирон бар ҷараёни интихобот дар тамоми минтақаҳои Афғонистон назорат хоҳанд кард ё хайр. Ҳоло 17 коршиноси Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон қарор доранд ва марҳалаи қаблазинтихобтиро назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG