Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ: зоишгоҳ, мактаб, кӯча, муҳоҷират


Мавзӯи нашри навбатии маҷаллаи иҷтимоии «Як рӯз бо шумо» тарбия ва ояндаи фарзандон дар Тоҷикистон аст.

Дар шароити феълӣ тарбияи атфол дар Тоҷикистон аз мушкилоте унвон мешавад, ки талошҳои раҳоӣ аз ин мушкил то кунун муваффақ нест. Зеро имконоти маҳдуди иқтисодии хонаводаҳо ба таҳияи шароити хуби тарбияи кӯдакон садд мегузорад.

Ва аммо аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки аксари волидайн дар хонаводаҳои тоҷик ба тарбияи фарзанд кам таваҷҷӯҳ мекунанд. Ва ин боис мегардад, ки фарзандон аксаран пас аз гаҳвора дар кӯча калон шуда ва бетарбияи кофӣ ва дониш монда дар ниҳоят роҳ ба сӯи мардикорӣ ба хориҷ аз кишвар мегиранд.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора вориди дунёи тарбияти атфол дар Тоҷикистон шудааст.

Дунё дар гаҳвора
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00


Табибони зоишгоҳҳои Тоҷикистон пайваста аз он шикоят мекунанд, ки модарҳо, яъне онҳое ки насли ояндаи кишварро дар зери ҷигар мепарваранд, дар тӯли ҳомиладорӣ кам ба пизишкон муроҷиат мекунанд ва бо ин худ ва тифлонро ба хатар мувоҷеҳ месозанд. Табибон мегӯянд, ки модарон аксаран дар тарбияи ҷисмонии фарзандонашон ба иштибоҳҳое роҳ медиҳанд, ки баъдан ба сиҳатии кӯдак ва тафаккури ӯ асари манфӣ мегузорад.

Дар боғчаи бачагон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00


Ҷомеашиносон дар сӯҳбату навиштаҳои худ зиёд ишорат мекунанд, ки тарбияи атфол дар ҷомеаи Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир ба маротиб костааст. Фақру нодории мардум, мушкилоти иҷтимоӣ дар бархе хонаводаҳо тарбияи фарзандро ба боди фаромӯшӣ бурдааст. Вале суол ҳам ин аст, ки роҳе барои раҳоӣ аз ин мушкили тарбияти атфол боқӣ мондааст? Меравем ба сӯҳбати омӯзгор ва ҷомеашинос, то дар ин мавзӯъ чи гуфтание доранд.

Мактаб, кӯча, муҳоҷират...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:37 0:00


Бинандаи азиз, тавре аз сӯҳбатҳо дарёфтед, ҷомеаи Тоҷикистон дар бахши тарбияи кӯдак печида ба он теъдод мушкилоте аст, ки тақрибан ҳама чун як занҷире ба ҳам пайванд доранд. Ва барои пора кардани ин занҷир ва рафъи мушкили тарбия ва эҷоди ҷомеаи воқеан солим Тоҷикистон ба нирӯи бузурги зеҳнӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG