Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори қирғиз аз лату кӯб ҷон додааст


Алмос Ташиев-рӯзноманигори қирғиз, ба гуфтаи хешовандонаш, баъд аз лату кӯби пулис ҷон додааст. Марги Ташиев рӯзноманигоре, ки аз сиёсатҳои давлат интиқод мекард, дар миёни рӯзноманигорони мустақил биму ҳарос ба вуҷуд овардааст. Ин ҳодиса як ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон иттифоқ афтодааст. Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, вазъи матбуот дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев бадтар шудааст. Вай мехоҳад дар интихобот дубора раиси ҷумҳур интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG