Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис 2 уйғурро дар Урумчӣ ҳадафи тир қарор дод


Пулис дар Урумчӣ-маркази вилояти Шинҷони Чин ду уйғуртаборро ҳадафи тир қарор дод. Ба гуфтаи пулис, ин ду нафар "қонуншиканӣ" кардаанд. Як нафари дигар захмӣ шудааст. Ҳафтаи гузашта дар Урумчӣ миёни ақалияти уйғурҳо ва чиноиҳои қавми ҳан, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, задухӯрд ба амал омад ва дар ин задухӯрдҳо 184 нафар кушта шудаанд. Бино ба маълумоти расмӣ, 137 нафари онҳо аз қабилаи ҳан ва 46 нафари дигар уйғурҳо будаанд. Чин ҳазорон нафар низомиёни худро дар ин вилоят мустақар кардааст, то баъд аз нооромӣ суботи вазъ дубора барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG