Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Медведев аз минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Асетияи Шимолӣ-ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон боздид ва бо Эдуард Кокойтӣ-раиси ҷумҳури он мулоқот кард. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Медведев гуфтаанд, ки Медведев хостори густариши ҳамкориҳои дифоӣ бо Асетияи Ҷанубӣ шудааст. Баъд аз ҷанги мухтасари Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон истиқлоли худро аз Гурҷистон эълон карданд. Маскав ба зудӣ истиқлоли онҳоро ба таври расмӣ шинохт. Гурҷистон, ки ин кишварҳоро қаламравҳои ишғолии худ медонад, боздиди Медведев аз Асетияи Ҷанубиро амали "таҳрикомез" арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG