Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мухолифи таъсиси пойгоҳи нави Русия нест


Уилям Бернс, муовини вазири хориҷаи ИМА, ҳини дидор аз Қирғизистон
Уилям Бернс, муовини вазири хориҷаи ИМА, ҳини дидор аз Қирғизистон

Уилям Бернс, муовини вазири хориҷаи ИМА, гуфт, ҳалли масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон ба мақомоти қирғиз вобаста аст.

Муовини вазири хориҷаи ИМА ҳини дидор аз Бишкек дар ин робита афзуд, вай чунин мешуморад, ки ин иқдом бо назардошти таҳкими амнияту субот дар минтақа сурат хоҳад гирифт.

Сарусадоҳо дар бораи имкони ифтитоҳи боз як пойгоҳи низомии Русия дар ҷануби Қирғизистон пас аз сафари нахуствазири Русия Игор Сечин тайи ҳафтаи гузашта паҳн шуд. Ин дар ҳолест, ки як пойгоҳи низомии Русия дар 30-километрии шаҳри Бишкек мустақар мебошад.

Ҳамзамон нашрияи электронии «Фарғона.ру» ба нақл аз қавли як мақоми баландпояи ҳукуматии Узбакистон навиштааст, ки ин кишвар дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар ҷануби Қирғизистон вокуниши манфӣ нишон додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти кишвараш қотеъона дар муқобили ифтитоҳи ин пойгоҳи низомӣ пофишорӣ хоҳанд кард.

Уилям Бернс, ноиби вазири хориҷаи ИМА дар умури сиёсӣ, рӯзи шанбе вориди Қирғизистон шуд ва бо намояндагони олирутбаи ин кишвар дидору мулоқот анҷом дод. Ба иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, дар мулоқоти президент Қурмонбек Боқиев бо Уилям Бернс ҷонибҳо вазъи Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Қирғизистон ва Амрикоро баррасӣ карданд.

Уилям Бернс гуфтааст, Қирғизистон ва ИМА ба тавофуқ расиданд, ки дар майдони ҳавоии «Манас» як маркази ҷадиди тронзитӣ таъсис ёбад. Вай афзуд, ин марказ маводи ғайринизомии эътилофи зидди террорро ба Афғонистон интиқол хоҳад дод. Ба таъкиди ӯ, тавофуқ дар бораи таъсиси маркази тронзитии маводи ғайринизомӣ бори дигар ҷойгоҳи хоси Қирғизистонро дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ нишон дод.

Коршиносон дидору мулоқотҳои Уилям Бернс, муовини вазири хориҷаи ИМА, бо мақомоти раҳбарии Бишкекро дар тавсеаи равобити ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Улан Ҷуманаев, яке аз ин коршиносони қирғиз мегӯяд, аз дидгоҳи ИМА Осиёи Марказӣ минтақаи стротежик ба шумор меравад ва барқарории сулҳу субот дар ин минтақа ба авзои сиёсии Афғонистону Покистон хеле сахт марбут аст, ки дар ин кишварҳо террористони байналмилалӣ фаъолиятҳои худро тавсеа бахшидаанд. Ин коршинос гуфт, аз ин лиҳоз ИМА талоши зиёд ба харҷ медиҳад, ки суботи Осиёи Марказӣ ба хатар мувоҷеҳ нашавад.

Бино ба гуфтаи Улан Ҷуманаев, боздиди як ҳайати баландпояи амрикоӣ таҳти раҳбарии Уилям Бернс маҳз замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар муқобили ин таҳдидҳои терроризм ба таври ҷиддӣ бояд вокуниш нишон дод.

Аскар Мамбеталиев, коршиноси дигари масоили сиёсии қирғиз, таҳкими равобити миёни ИМА ва Қирғизистонро дар мавриди раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсии минтақа омили муҳим хонд. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистонро зарур аст, ки мавриди эътимоди ИМА қарор гирад. Вай афзуд, дар он сурат ин ҳамкориҳо ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва дар таъмини суботу барқарорӣ хидмати шоиста анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG